Хабарҳо

СЕ КӮДАК ДАР НОҲИЯИ ВАХШ ҲАНГОМИ БОЗӢ АРЧАИ СОЛИНАВИРО ОТАШ ЗАДААНД

Рӯзи 3 январ дар Интернет видеои сӯхтори арчаи солинавӣ дар маркази ноҳияи Вахш дар ҷануби Тоҷикистон нашр шуд. Дар видео дида мешуд, ки доманаи оташ дарахти баланди арчаи бо бозичаҳои солинавӣ зиннатдодашударо ба коми худ фурӯ мебарад ва раҳгузарон ин лаҳзаҳоро бо камераҳои телефонҳои мобили худ ба навор мегиранд.Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, се кӯдак ҳангоми бо оташ бозӣ кардан аз беэҳтиётӣ сабаби сӯхтани арчаи солинавӣ шудаанд.“3 январи соли 2022, тахминан соати 12:32, дар вақти бо оташ бозӣ кардани 3 нафар ноболиғ: бародарон Н.М., соли таваллудаш 2010, Н.Т., соли таваллудаш 2012, сокинони деҳаи Озоди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва С.И., соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш аз беэҳтиётӣ дар Арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахш сӯхтор ба амал омадааст”, — гуфта мешавад дар иттилоия.Ин нахустин чунин мавриди ба коми оташ рафтани арчаҳои солинавӣ дар Тоҷикистон нест. 31 деабри соли 2018, ҳанӯз то шурӯи ҷашни солинавӣ арчаи солинавие, ки дар маркази ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон гузошта буданд, бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳо даргирифта буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button