Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тармаи азим роҳи Душанбе — Хуҷандро баст: 25 мошин дар банди тарма монд

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Шаби 3 январ дар масири Душанбе — Чаноқ тармаи азим фаромадааст, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ пурра баста шуд.Ширкати IRS, ки масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ягона роҳи байни пойтахт ва шимоли кишвар мебошад, мегӯяд, рӯзи гузашта дар ин масир тармафароии зиёд сурат гирифт, ки дар натиҷа дасти кам 25 мошин дар банди тарма дармонданд.Манбаъ аз ҷумла фаромадани тармаи азим, ки баландии он 15 метр ва паҳноияш 300 метрро ташкил намуд, зикр кард.Тармаи азим дар километри 65- уми роҳи Душанбе — Чаноқ фаромадааст ва ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан, то тоза шудани роҳ аз ғарами барф боздошта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button