Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

РАҲБАРИ МАРКАЗИ ОИЛА ВА КӮДАКИ ШАҲРИ ХУҶАНД БА ГИРИФТАНИ ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД

Азизахон Валаматова, директори Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-и шаҳри Хуҷанд хабар дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, “Валаматова Азизахон Ҳотамовна дар асоси қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-и шаҳри Хуҷанд таъин гардида, шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар чунин ҳолат ба содир намудани ҷинояти гирифтани пора даст зад.  Чунончӣ, ӯ ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои  омода кардани ҳуҷҷатҳо ва додани тавсифномаи мусбат дар суд ҷиҳати имконпазир будани ба фарзандхонӣ қабул шудани ноболиғ шаҳрванд “Б” аз охирон маблағи 15000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи мазкур 10 000 сомониашро гирифта, боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуд.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button