ТОҶИКИСТОН

АЪЗАМ АЛИЗОДА АҲЛИ ХОНАВОДАИ СОБИҚ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ШОДРАВОН ТОҲИР АЗИЗЗОДАРО АЁДАТ НАМУД

Имрӯз, 31 декабр иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба манзили зисти аҳли хонаводаи собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ шодравон Тоҳир Азиззода ташриф оварда, онҳоро бо фарорасии соли нави мелодӣ аз номи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрику таҳният гуфта, ба фарзандони он кас туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.Аъзам Ализода зимни суҳбат бо бародарони собиқ раиси ноҳия аз хизматҳои шоёни шодравон Тоҳир Азизода дар пешрафту инкишофи хоҷагии халқ ёдовар шуда, саҳми ӯро дар бунёду азнавсозии иншооти гуногун басо арзишманд хонд.Таъкид карда шуд, ки шодравон Тоҳир Азиззода зимни фаъолияти худ ба ҳайси раиси ноҳияи Мастчоҳ созандагиву бунёдкориро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода, дар як муддати кутоҳ дар байни сокинони ноҳия ва берун аз он ҳамчун раиси бунёдкор ва созанда маҳбубият пайдо кардааст.Дафтари матбуотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button