Сиёсат

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ БАРОИ ТАМОСИ МУСТАҚИМ БО ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ АЗИМ ИБРОҲИМ

Сомонаи расмии вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки вазири нақлиёт Азим Иброҳим барои арзу шикоятҳои мардум телефони боварӣ ва почтаи электронии вижа кушодааст.“Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар расонида мешавад, ки Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон телефони боварӣ ва почтаи электронӣ кушодааст. Шаҳрвандон метавонанд бо телефони боварии 221 — 17 – 13 ва почтаи электронии: minister@mintrans.tj ба вазири нақлиёт муроҷиат намоянд”, — гуфта мешавад дар эълони нашруда дар сомонаи вазорати нақлиёт.Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим яке аз аъзои хушном ва ҳирфаии ҳукумати имрӯза дониста мешавад. Азим Иброҳим 1 марти соли 1962 ба дунё омада, соли 1984 Донишгоҳи давлатии техникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер бо дипломи аъло хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад. Азим Иброҳим солҳои 2013-2020 муовини сарвазири Тоҷикистон буд ва 31 августи соли 2020 дар пайи қасди худкушии вазири вақти нақлиёт Худоёр Худоёрзода ба ҷои ӯ вазири нақлиёти Тоҷикистон таъйин шуд. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button