ТОҶИКИСТОН

АМАЛИЁТИ НАҶОТИ СЕ САГ ДАР КӮЧАИ АЭРОПОРТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи як амалиёти наҷоти ғайриоддӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод. Наҷотбахшони ин ниҳод шаби 23 ба 24 декабр дар кӯчаи Аэропорт 3 сагро, ки дар даруни лӯлаи об дармонда буданд, наҷот додаанд.Бино ба ин манбаъ, шаби 23 декабр, соати 21:35 сокинони кӯчаи Аэропорт, 25 ба қисми навбатдории КҲФ занг зада, хабар додаанд, ки аз даруни лӯлаи об садои уллоси сагон ба гӯшашон мерасад. Наҷотбахшони раёсати КҲФ шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса расида, муайян карданд, ки 3 саг дар даруни лӯлаи об дармондаанд ва навмедона дар даруни лӯла печутоб хӯрда, уллос мекашанд ва роҳи баромаду наҷот меҷӯянд. Наҷотбахшон бо кумаки таҷҳизоти махсус лотоки оҳану бетониро сӯрох карданд, то битавонанд вориди он шуда, ҷонварони бечораро наҷот диҳанд.Баъди ин яке аз наҷотбахшон тавассути он сӯрох ворид шуда, пойин фаромад ва сагҳоро якто якто гирифта, ба боло ба ҳамкорони дигараш дод. КҲФ менависад, ки сагҳо баробари наҷот аз асосарт “бо истифода аз торикии шаб” фирор карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button