МУҲОҶИРОН

ЗАПРЕТ” ТАМОМ! РУСИЯ 120 ҲАЗОР ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОНРО АФВ (АМНИСТИЯ)

Алексей Егоров, намояндаи вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 27 декабр дар нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигори ТАСС хабар дод, ки ба 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба далели ягон қонуншикании хурд аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум карда шуда буданд, дигарбора ҳаққи сафар ба Русия дода шуд.»Дар чорчӯби як қатор созишномаҳои моҳи сентябри соли 2021 имзошуда ба истилоҳ афв ё амнистияи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели қонуншиканиҳои хурду реза аз ҳаққи сафар ба қаламрави Русия маҳрум шуда буданд, гузаронда шуд. Дар ҷараёни он ё20 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифтанд «, — хабар додааст Егоров.Ба гуфтаи ӯ, ба ҳамаи ин 120 ҳазор нафар иҷозати сафар ба Русия дода шудааст ва шаҳрвандон метавонанд будан набудани исми худ дар рӯйхатҳои сиёҳи Русия дар сомонаи сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия пеш аз азми сафар тафтиш кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button