Фарҳанг

ПОДПОЛКОВНИК ГУЛ МАҲБУБА: СОМОНАИ ВКД БА САБАБИ КОРҲОИ ПРОФИЛАКТИКӢ КОР НАМЕКУНА

Подполковник Гул Маҳбуба (Парвина Гулова), сардори сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон рӯзи 25 декабр дар саҳифааш дар Фейсбук дар пайи матлаби пойгоҳи хабарии “Бомдоди” сабаби кор накардани сомонаи ин вазоратро расман шарҳ дод.“Ба маълумоти хонандагони сершумори сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ мерасонам, ки бо сабабҳои анҷом додани корҳои техникӣ-профилактикӣ сомонаи ВКД муваққатан фаъолият накарда истодааст. Ин ҳолати муқаррарӣ буда, корҳои техникӣ ҳамасола пеш аз Соли нав анҷом дода шуда, дар зудтарин фурсат сомона ба фаъолияти худ оғоз менамояд. Бинобар ин аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҳар гуна овозаҳо ва хабарҳои бардурӯғ бовар накунанд”, – навиштааст сардори сомонаи расмии ВКД, подполковники милитсия Гул Маҳбуба.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button