Коррупсия

АГЕНТӢ: КОРМАНДИ ҲУКУМАТИ МАСТЧОҲ 10 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 27 декабр аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи Шаҳбоз Гулов, як корманди ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ хабар дод. Бино ба гузориши маркази матбуоти агентӣ, “Гулов Шаҳбоз Сангинович дар асоси фармоиши раиси ноҳияи Мастчоҳ дар вазифаи сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти қаллобӣ зад. Чунончӣ, номбурда бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ шаҳрванд “А” -ро бовар кунонид, ки бар ивази маблағи 10 000 сомонӣ тавассути судяи суди ноҳияи Мастчоҳ, барои ба манфиати ӯ қабул намудани санади судӣ оид ба фарзандхонии ноболиғ шаҳрванд “Б” мусоидат карда метавонад. Ҳамин тариқ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” маблағи 10 000 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати охирон ягон амалро иҷро накард.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button