Ҷомеа

40 ҳолати дуздӣ аз ҷониби як нафар: бо шикастани оинаи автомашинаҳо маблағу ашёи қиматнокро рабудааст

Бо шикастани шишаи дари автомашина мавриди дуздӣ қарор гирифтани маблағҳои пулӣ, телефонии мобилӣ ва дигар ашёи арзишманди шаҳрвандон дар ҳудуди пойтахт вақтҳои охир бештар ба назар расида, боиси ба вуҷуд омадани ташвиш ва вокунишҳои манфии шаҳрвандону соҳибони воситаҳои нақлиёт ва муроҷиати онҳо ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе гардидааст.
   Кормандони милитсияи пойтахт дар асоси ариза ва муроҷиатҳои шаҳрвандон як қатор чарабиниҳои дахлдори операвӣ-ҷустуҷӯиро роҳандозӣ намуда, ахиран як нафарро ҳамчун гумонбар барои содир намудани як қатор силсиладуздиҳо, асосан бо роҳи шикастани оинаи автомашинаи шаҳрвандон дастгир намуданд.
   Дастгиршуда Каримов Умед Файзалиевич соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский буда, қаблан барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шудаву боз такроран даст ба содир намудани силсила ҷиноятҳои дуздӣ задааст.


Дар натиҷаи пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда асосан шабона бо роҳи шикастани шишаҳои паҳлуи автомашинаҳо ҳадафу мақсадҳои нопоки худро амалӣ намуда, маблағҳои пулӣ ва дигар ашёи арзишмандро аз дохили автомашинаҳо тасарруф ва аз они худ мекардааст.
   Тавре муайян карда шуд, аз ҷумла, номбурда дар як шаб танҳо дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Сино шишаи паҳлуи дари 8-автомашинаро шикаста, баъди рабудани ашёи арзишманд ба соҳибмулкони автомашинаҳо зарари молӣ расонидааст. Чунончӣ, автомашинаи тамғаи «Хундай», ки ба як нафар сокини пойтахт тааллуқ дорад ва дар назди бинои истиқоматиаш меистод, оинаи қисмати чапашро шикаста аз дохилаш 5600 сомонӣ маблағи нақдро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
   Айни замон Каримов Умед дар содир намудани зиёда аз 40-ҳолати ҷинояти дуздии ҳаммонанд гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандону соҳибмулкони автомашинаҳо аз 1000 (ҳазор) то 10-ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонидаааст.


Айни ҳоло нисбати дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор ва чорабиниҳои тафтишотӣ ҷиҳати муайян намудани доштани гумонбаршаванда ба дигар ҷиноятҳо идома доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button