Хабарҳо

ШАРҲИ РАСМИИ ВИДЕОИ “СВОЛОЧИ”: ВОЛИДОНИ ХОНАНДАГОНИ ГУНАҲКОРРО ҶАРИМА МЕБАНДАНД

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки видеои дар Интернет паҳншудаи ба шакли таҳқиромез дар сари як духтар дар мактаб шикастани тухм аз сӯи ҳамсинфонаш аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ мавриди таҳқиқу баррасӣ ва чораандешӣ қарор дода шуд.Дар натиҷа муайян карда шудааст, ки ҳодисаи мазкур санаи 20 декабри соли ҷорӣ, дар дохили яке аз синфхонаҳои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе содир гардида, шахсияти иштирокчиёни навор муайян ва ҳамроҳи масъулини муассисаи номбурда, ҳамзамон волидайни хонандагон ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. “Дар доираи санҷиш муайян карда шуд, ки 4 нафар писарон-хонандагони синфи 11 «А»-и МТМУ №55 аз назди муассиса тухм харидорӣ намуда, бо мақсади ба таври «шӯхиомез» табрик намудани зодрӯзи ҳамсинфашон тухмҳоро ба сари духтар зада шикастаанд”, — гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон. Мақомоти милитсия ҷиҳати риояи одобу ахлоқ, талаботи оинномаву низомномаи муассисаи таълимӣ, тартиботи дохилии муассиса ва минбаъд содир накардани ҳодисаҳои ба ин ҳаммонанд бо хонандагон суҳбату чорабиниҳои профилактикӣ гузаронида, илова бар ин, барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбати волидайни хонандагони мактаби №55 тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода ва барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол кардааст. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷаримаро ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 180 то 300 сомонӣ) пешбинӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button