Хабарҳо

“35 ҳазор сомонӣ гирифтаст”: Айби судя Ширинзода маълум шуд

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Парвандаи Эраҷ Ширинзода, ки ахиран дахлнопазирияш бекору аз мақоми додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ бозхонд шуд, аз ҷониби Ожонси мубориза бо фасод мавриди тафтиш қарор дорад. Собиқ додраси додгоҳи олӣ дар гирифтани 35 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд айбдор мешавад.Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, зимни шарҳи иттиҳомот алайҳи Ширинзода гуфт, ӯ бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд барои қонеъ кардани даъвояш моҳи майи соли 2020 дар ду ҳолат 15 ҳазор сомонӣ гирифтаст.Додрас инчунин моҳҳои август ва октябри соли 2020 бо истифодаи мақоми хизматӣ, бо баҳонаи дар судҳои марҳилаҳои кассатсионию назоратӣ ба манфиати шаҳрванд ҳал намудани шикоятҳои намояндаи хоҷагии деҳқонии «Ясмина»-и шаҳри Турсунзода дар ду ҳолат 5500 сомонӣ гирифтааст, овардааст нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз қавли Раҳмон.

Ба иттилои додситонӣ, Ширинзода дар идомаи ҷинояткориҳо боз 12 ҳазор сомонӣ талаб намуда, 11 октябри соли 2021 аз ин маблағ 4 ҳазор сомониашро гирифта, овардани боқимонда 8 ҳазор сомониро талаб кардааст. Юсуф Раҳмон гуфт, Шринзода 14 октябри соли 2021 баъди аз Одинаев гирифтани 8 ҳазор сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шудааст.Додситони кул гуфт, Ширинзода нишондодҳои худиқрорӣ дода, рӯбарӯкунӣ, сабтҳои дахлдор ва санадҳои судии қабулгардида аз далелҳои дигари қонуншикании собиқ додрас мебошанд.Маҷлиси миллӣ ҳафтаи гузашта пешниҳоди додситони кулли кишварро барои бекор кардани дахлнопазирии Ширинзода ҷонибдорӣ карда, инчунин пешниҳоди раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро барои бозхонди ӯ аз мақоми додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қабул намуд. Дар ин пешниҳод, ки нимаи моҳи ноябр ба парлумон ироа гардид, роҳбари давлат далели бозхонди Ширинзодаро содир намудани кирдоре гуфт, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад.

Назари бевоситаи худи муттаҳам дар бораи иттиҳоми эълоншуда феълан дастрас нест.Дар матлабе, ки қаблан дар сомонаи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар бораи Ширинзода Эраҷ навишта шудааст, зикр гардидааст, ки ӯ «солҳои тӯлонӣ дар мақомоти судӣ софдилона ва поквиҷдонона кор ва фаъолият менамояд».Ӯ соли 2019 дар қатори онҳое қарор дошт, ки барои фаъолияти корӣ ва натиҷаҳои назаррас бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуда буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи августи он сол Ширинзода Эраҷ Сифотро бо медали «Хидмати шоиста» қадрдонӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button