Афғонистон

Шойгу аз интиқоли терроризм аз Афғонистон ба кишварҳои СААД гуфт

Вазири дифои Русия аз эҳтимоли мувоҷиҳаи мантақа бо хатароте аз Афғонистон ҳушдор дод

 Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия гуфт, ноором шудани вазъ дар Афғонистон, хатари вуруди террористон ба кишварҳои СААД ва афзоиши қочоқи маводи мухаддирро афзоиш медиҳад.»Нооромии вазъ дар Афғонистон хатари интиқоли терроризм ва маводи мухаддир ба қаламрави кишварҳои СААД-ро ба вуҷуд меорад», — таъкид кард Сергей Шойгу дар нишасти густурдаи вазорати дифоъ бо иштироки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия.Шойгу ҳамчунин афзуд, ки вазорати дифоъ, вазъи Афғонистонро таҳти назорат гирифтааст ва ба ҳама таҳдидҳо ба амният омодааст вокуниш нишон диҳад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Александр Гребенкин муовини дабири Шӯрои амнияти Русия гуфта буд, ки вазъият дар Афғонистон чандон хушбин нест ва таҳдидҳои нави бузургро дар бахши қочоқи маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва муҳоҷирати беназорат ба вуҷуд меорад.Вай гуфта буд, ки «ҷангҷӯён ва террористон аз Афғонистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд ва сипас аз онҷо ба Русия тавассути Қазоқистон ворид шаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button