Фарҳанг

Хушдоман бояд чигуна бошад:

1. Барои хушдоман шудан тайёр будан (аз хушдоманаш ё занҳои калонсоли келиндор таҷриба ҷамъ карда бошад.)2. Писарошро ба рохи дуруст тарбия карда, соҳиби касбу ҳунар карда бошад.3. Шароити хонаи писарашро таъмин кунад.4. Вақте ки келин ба хонааш меояд, духтарвор дӯст дорад ва қабул кунад.5. Келин хатоги кунад бо суханони нағз фаҳмонад.6. Ҳамаи кору рӯзғори хонаро ба гардани келин бор накунад.7. Ба корҳои келин карда, айб намонад.8. Дар як ҳафта як маротиба ба хонаи волидайнаш фирсонад.9. Бемор шавад меҳрубонӣ кунад. 10. Айби келинашро ба писараш нагӯяд.11. Зану шавҳар ҷанг кунанд,тарафи келинро гирад.12. Ба келин истеза карда, кор накунад (келин аз бетаҷрибагӣ хатогӣ кунад).13. Хатогии келинашро худаш ислоҳ кунад (мешавад, ки келин дегу табақро ношуста хобаш меравад).14. Дар пеши келинаш келинҳои дигар оилаҳоро таъриф накунад (дар бораи матоъю мебел ва ғ.).15. Дар вақти набудани келин ба хонааш надарояд.16. Келинро таъна накунад (волидайнат туро бечиз ба шавҳар дод).17. Аз хоб бевақт хезад, ба сари келин дод нагӯяд.18. Хӯрок бенамак шӯр шавад, айб намонад.19. Вақте ки ба хона меҳмон меояд, ба меҳмон келинро бад накунад.20. Вакте ки волидайни келин ё наздикони келин ба хона меояд бо чеҳраи кушод бо табассум пешвоз ва гусел кунад ва ба онҳо келинашро бад накунад.21. Камбудии келинро накобад.22. Корҳои келин намедонистагиро омӯзонад.23. Вақте ки келин ҳомиладор шавад, аҳамияти махсус диҳад.24. Бо писарат шӯхи ва меҳрубонӣ кунад, рашк накунад (ба сайру гашт равад.)25. Вакте ки наберадор мешавад, ба келин мададгор, маслиҳатчӣ шавад (чил рӯз аз паси хӯроку мехрубонӣ шавад).26. Ба тарбияи набера беаҳамият набошад.27. Ба либоспӯши, косметикаи келин гап назанад (шавҳараш вазифадор.) Ба ҳар корҳои майда-чуйда гап назанад.28. Агар дар хона ду келин бошад, онҳоро ба якдигар бад накунад.29. Агар ба келин ягон тӯҳфа мекардаги бошад, бо писараш маслиҳат кунад.( матои қиматбаҳо ё тилло).30. Келин ба хушдоман тӯҳфа кунад, айб накунад балки минатдорӣ баён кунад.31. Келин дар ягон ҷо кор кунад, ба моҳонаи келин дахолат накунад.(шавҳараш вазифадор).32. Вакте ки келин бо қошу қавоқ мегардад,бо суханони нағз пурсад (мумкин бемор аст).33. Ба хонаи волидайнаш бо дасти холӣ гусел накунад.34. Вақте ки аз хонаи волидайнаш меояд, саломатии онҳоро бо чеҳраи кушод пурсон шавад.35. Келин ё наберааш бемор шавад,беаҳмият набошад.36. Ба дигар аъзоёни оила фаҳмонад, ки ба корҳои келин дахолат накунанд.37. Вакте ки писараш ба сафар ё дигар шаҳрҳо равад, дар пеши келин хоб равад ва ҳамаи камбудиҳои келинашро таъмин кунад.38. Келин аз кор бевақт меояд ё дар шабнишинҳо иштирок мекунад, дахолат накунад.(шавҳараш вазифадор).39. Келин баъзе вақт ба рӯйи хушдоман сахт гап мезанад, хафа нашавад (ин аз ҷавонӣ ё аз беақлӣ)40. Хушдоман дар пеши келин бояд муаллим, мураббӣ ва намуна бошад….Аз Интернет

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button