ТОҶИКИСТОН

ҚИРҒИЗИСТОН АЗ ТУРКИЯ ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИНИ “БАЙРАҚДОР” ХАРИД

Рӯзи 18 декабр ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) ҳавопаймоҳои бесарнишинеро, ки ахиран аз Туркия барои тақвияти нирӯҳои марзбонии Қирғизистон харидааанд, намоиш додаанд.Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки “ба раҳбари давлат дар бораи низоми идораи ин бесарнишинҳо нақл карда, чӣ гуна кор кардани онҳоро намоиш доданд.” Хадамоти матбуоти президент таъкид кардааст, ки “ин дастгоҳҳо пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ харида шуда, барои таъмини амнияти мудофиавии кишвар, аз ҷумла барои ҳифҳи марзҳои давлатӣ истифода хоҳанд шуд.”Хадамоти матбуоти президент миқдори ҳавопаймоҳои бесарнишини аз Туркия харидашударо нашр накардааст, вале чанд моҳ пеш мақомоти қудратии Қирғизистон гуфта буданд, ки мехоҳанд аз Туркия се ҳавопаймои бесарнишини “Байрақдор” бо як истгоҳи идораи онҳо ва ҳамчунин аз Русия чанд ҳавопаймои бесарнишини “Орион” харида, онҳоро пеш аз ҳама барои таҳкими ҳифозати қитъаҳои мушкилзои марз бо Тоҷикистон истифода кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button