ИқтисодКоррупсия

Талаби 10 000 сомонӣ барои озодӣ аз хизмати ҳарбӣ: боздошти кормандони комиссариати ҳарбӣ

Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Ожонси зидди фасод дар пайи муроҷитаи шаҳршванд «А» корманди Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд хонум А.М.Н- ро боздошт кардааст.Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда барои омода карда додани билети ҳарбии корношоямӣ ва талаби пул муттаҳам мешавад.Гуфта мешавад, ӯ барои ин кор аз шаҳрванд «А» 10 000 сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ 4000 сомониашро гирифта, боқимонда 6000 сомонии дигарро талаб кардааст.»Дар натиҷа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ, Абдуллоева Мавзуна Наимовна баъда аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 6000 сомонӣ пора боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд»,- афзудааст дафтари матбуотии оҷонсӣ.

Ҳамзамон, зимни гузаронидани амалҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ба ҳолати талаб карда гирифтани маблағи пулӣ ба миқдори 10 000 сомонӣ аз ҷониби А.М.Н. инчунин хонум Ғ.З.И. низ алоқамандӣ дошта, номбурдагон маблағи тасарруф кардаро ба хароҷотҳои шахсиашон сарф намудаанд.Ожонсии зидди фасод мегӯяд, дар ин асос нисбат ба А.М.Н. ва Ғ.З.И. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.Ёдовар мешавем, ин нахустин боздошти кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ набуда, дар гузашта низ Оҷонсӣ аз чунин ҳолатҳо зиёд хабар дода буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button