ТОҶИКИСТОН

Дар Қирғизистон донишҷӯёни хориҷиро озору ғорат мекунанд: Аз ҳукумат кумак хостанд

Дар Қирғизистон ҳамарӯза ҳолатҳои кӯфтану ғорат кардани донишҷӯёни хориҷӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Донишҷӯёни покистонӣ, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, расман ба ҳукумати ин кишвар муроҷиат намудаанд, хабар медиҳад 24 kg.Донишҷӯён шикоят намудаанд, ки аз ҷониби ҷавонони ин кишвар пайваста мавриди латукӯб ва ғоратгарӣ қарор мегиранд. Онҳо аз ҳукумат дархости кумак карданд.»Донишҷӯёне, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, дигар худро бехатар эҳсос намекунанд. Мо аз ҳукумат хоҳиш мекунем, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, чораҳои амниятӣ андешад», — омадааст дар муроҷиати донишҷӯёни покистонӣ.Донишҷӯён ҳамчунин талаб намудаанд, ки дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ бо назардошти теъдоди хориҷиён, тарҷумонҳоро бо забони англисӣ таъмин кунанд.Қаблан сару садоҳо дар мавриди таъқиб шудани донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон низ зиёд буд. Дар робита ба ин, ҳатто вазири маорифи Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти матбуотӣ таъкид карда буд.

Вазир аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, даъват намуд, ба ватан баргарданд ва таҳсили худро дар донишгоҳҳои кишвар идома диҳанд.Аммо Вазорати маорифи Қирғизистон он замон ин сару садоҳоро беасос хонд ва зикр намуд, ки донишҷӯёни тоҷик мавриди таъқиб қарор нагирифтаанд ва нохоҳанд гирифт.Мушкилот дар муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаи марзии моҳи апрел сурат гирифт, ки дар натиҷа Қирғизистон вуруди шаҳрвандон ва борҳои самти Тоҷикистонро манъ кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button