Варзиш

Аз Golden Tajik то Чилаев: дурахши муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи бонуфузе дар Маскав

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи Shamo Boxing Promotions 66 чанд пирӯзӣ ба даст оварданд.Мусобиқа як рӯз қабл дар маҷмааи варзишии «Крылья Советов»-и Москва барпо гардид.Барои мухлисони бокс Shamo Boxing Promotions 66 як рӯйдоди муҳим буд — зеро баъди чаҳор сол бори аввал Соҳиб Усаров, бо лақаби Golden Tajik («Тоҷики тиллоӣ») ба ринг баромад.Рақиби ин варзишгар дар вазни 55 кг варзишгари узбак Бахит Абдураҳимов буд.Мубориза тезу тунд ва тамошобоб гузашт. Усаров исбот кард, ки баъди танаффуси дуру дароз маҳорати худро гум накарда, кордони соҳаи худ мондааст.Натиҷаи ин ғалаба бар Абдураҳимов бо қарори якдилонаи доварон дода шуд.

Муштзанҳои дигар, ки Тоҷикистонро дар Shamo Boxing Promotions 66 намояндагӣ мекарданд, низ натиҷаҳои хуб нишон доданд.Ҳамин тавр, Давлат Болтаев дар вазни 91 кг бар рақибаш Аҳмад Мамадҷонов аз Ӯзбекистон пирӯз шуд. Мубориза дар даври якум ба охир расид.Дар вазни 59 кг кишварро Шаҳриёр Аҳмадов намояндагӣ кард. Рақиби ӯ низ шаҳрванди Ӯзбекистон Шерзодбек Мамадҷонов буд. Зодаи Тоҷикистон дар даври дувум бо ҳисоби техникӣ пирӯз шуд.Ба ҳамин тартиб, Анис Чилаев дар вазни 63 кг бар Артём Айвазиди украинӣ пирӯз шуд. Муборизаи онҳо дар даври аввал анҷом ёфт.Ёдовар мешавем, ки ташкилоти Shamo Boxing ба ташкил ва баргузории шабҳои бокси касбӣ машғул аст. Дар доираи мусобиқа ҳам муштзанҳои навкор ва ҳам чемпионҳои чандинкарата ба ринг мебароянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button