Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

“MK”: ДАР СӮХТОР ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ ЗАНИ ТОҶИК БО ФАРЗАНДАШ ҲАЛОК ШУДАНД

Шаби 18 ба 18 декабр бар асари сӯхтор дар вилояти Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон – як зан бо писари ҳафтсолааш ба ҳалокат расидаанд. Сӯхтор дар як манзили кӯҳнасохти дуқабата дар ҳудуди ҷамъияти боғдории “Дружба” дар канори шаҳри Пушкинои вилояти Маскав, воқеъ дар тақрибан 20-километрии шимолу шарқи шаҳри Маскав бар асари аз кор баромадану таркидани дастгоҳи обгармкунӣ рӯ1 додааст, – хабар дод нашрияи русии «Московский комсомолец» («МК»).

Бино ба иттилои «МК»,  фоҷиаи дар манзиле рӯй дод, ки дар он ду бародар аз Тоҷикистон ҳамроҳи оилаҳояшон зиндагӣ мекарданд. Бародари хурдӣ моҳи августи соли 2019 дар инҷо як хонаи кӯҳнаро харида, зану кӯдаконашро овардааст. Моҳи августи соли 2021 бародари калонии 40-сола ӯ ҳам  дар Пушкино дар як корхонаи лӯласозӣ ба ҳайси оператор ба кор даромада,  ба инҷо кӯчид ва ҳамроҳи зану ду фарзандаш: писари ҳафтсола ва духтари шашсолааш дар қабати дуюми коттеҷи додараш ҷой гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button