Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ШИШАҲОИ МОШИНИ ЯК КОРМАНДИ АНДОЗРО ДАР ИСТАРАВШАН ЗАДА ШИКАСТААНД

Бино ба иттилои як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд кадоме аз соҳибкорони ба ҷонаш расида шишаҳои мошини як корманди нозироти андозро  зада шикастааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин ҳамла ба мошини корманди андоз дар поёни моҳи ноябр, дар рӯзҳое, ки кормандони андоз ба хотири пур кардани нақша соҳибкоронро ба ҷону ҳолашон мерасонанд, рӯй додааст.

“Ҳодиса тарафи бегоҳ рӯй додааст ва касе шишаҳои мошини “Опел Астра”-и Хушнуд ном як корманди андозро, ки дар назди бинои нозироти андоз гузошта буд, бо санг зада шикастааст. Вақти ин ҳодиса ҳама кормандони андоз дар ҷои кор будаанд, чунки дар поёни моҳ ба хотири пур кардани нақша онҳо то поси шаб кор мекунанд. Ба эҳтимоли ғолиб, ин корро кадоме аз соҳибкорон кардааст, вале то ҳол ягон нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса дастгир накардаанд. Худи мақомот низ чандон моил нестанд, ки таги ин масъала кофта шавад.  Он корманди андоз бо номи Хушнуд баъди он ҳодиса ба рухсатӣ фиристода шудааст”, – нақл кард манбаи “Бомдод”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button