Фарҳанг

ЗОДРӮЗИ ШЕЪРИ МО – ЗОДРӮЗИ ГУЛРУХСОРИ МО

Сатри ин зан сатри шеъри ноби ӯст,Чашмбандаш биниши ноёби ӯст.Бо он ҳама шӯру шарар, бо он ҳама нирӯву ҷавонӣ, бо ҳама исёну туғёне, ки дар ӯ мебинем, кӣ бовар мекунад, ки Гулрухсор Сафиева, Зане, ки худи мардум унвони “Модари Миллат”-ро барояш додааст, ин Шоири ширинбаёну исёнгар ва ҳамеша якдилу якрӯ, Гулрухсори мо имрӯз, 17 декабр, ба синни 74 мерасад? Дар зеҳни ҳазорони мухлисаш Гулрухсори Сафӣ ҳамоно ҳамон духтари 17-солаи кӯҳистонист, ки аз деҳаи дурдасти Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло – Нуробод) ба Душанбе омад. Нафақат барои таҳсил дар донишгоҳ, балки барои тасхири қалби мардум ва расидан ба баландтарин қуллаҳои шеър.Дунболи шӯҳрат нарафт, балки ин худи шӯҳрат буд, ки аз ҳамон рӯзҳои аввали омаданаш ба Душанбе ба домани Гулрухсор сахт чанг зад ва хеле зуд минбарнишинаш кард.Бо вуҷуди ин ҳама парвозҳои баланд Гулрухсор ҳамоне ки буд, боқӣ монд. Бо ҳама як буд – чӣ бо шоҳу вазир ва чӣ сағиру фақир. Дарди дили худашу мардумашро дар ҳама ҷо бе ягон ибо ва бо ҷасорат мегуфт. Аз касе ва аз чизе тарс надошт. Дар поёни соли 1992, вақте ҷангиёни Фронти халқӣ вориди Душанбе шуданд ва барои куштанаш омаданд, Гулрухсор ҳатто пеши ин силоҳбадастони бехун сар хам накард, балки бо ҳамон ҷасорати хосаш аз худ дифоъ кард.Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар баробари мардумаш Гулрухсор ҳам чанд сол тарки Ватан кард ва бо вуҷуди даъватҳои зиёд, то даме ки мардумаш барнагашт, ӯ ҳам аз ин имтиёзи корти бозгашт истифода набуд ва қатори мардумаш монд.Ҳоло ҳам Гулрухсори мо ҳамон Гулрухсорест, ки 10, 20, 30 ва 40 соли пеш буд: Бо ҳамон неруву ҳамон ҷавонӣ, бо ҳамон рӯҳи пурисён. Аз маъдуд равшанфикрони тоҷик аст, ки чархи замона ивазаш накард, аз мавқеъ ва арзишҳое, ки мепарастад, ақиб нанишаст. Ҳамон Гулрухсор монд!Гулрухсор дар баробари Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир яке аз чор сутуни шеъри муосири тоҷик буд, ки баъди даргузашти он се Шоири бузургамон танҳо мондааст, вале бо ин вуҷуд бо он тани нозукаш сақфи бинои адабиётро имрӯз ба танҳоӣ рустамона рӯи шонаҳои худ нигоҳ доштааст.Зодрӯз муборак, Устод Гулрухсор!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button