ВарзишХабарҳои кӯтоҳ

Ҳабиб дар бораи «Барселона» сухан гуфт

Собиқ қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов роҳ наёфтани дастаи “Барселона”-ро ба даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо шарҳ дод.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб тарафдори асосии дастаи “Реал” мебошад.

«Ман мегуям, ки Хавиро ба киштии ғарқшуда партофтаанд. Ҳоло ӯ бояд ба он ҷо давад, ин ҷо давад, аммо бояд аз об дарояд. Ман як одами машҳур ҳастам, дар бораи мушкилоте, ки ҳоло онҳо доранд, бо киноя гап задан нодуруст аст. Аммо ман аз соли 1998 мухлиси “Реал Мадрид” мебошам ва ҳар дафъае, ки “Барселона” мағлуб мешуд, ба ман лаззат мебахшид.

Ҳоло чунин рақобат вуҷуд надорад. Айни замон “нилунориҳо” 15 хол аз “Реал Мадрид” қафо мондаанд. То ҷое ки ман медонам, онҳо пас аз вазъияти ковидӣ мушкилот доранд. Каталониҳо қарзҳои калон доранд, чунон ки ман медонам. Дар он ҷо Алба, Бускетс, тамоми издиҳоме, ки боқимонда буданд, моҳҳои зиёд маош нагирифтанд. Онҳо танҳо аз муҳаббат ба клуб дар он ҷо монданд. Ман фикр мекунам, ки онҳо дар клуб мушкилот доранд, ки онро на мураббӣ, балки аз боло ҳал кардан мумкин аст», — гуфт Ҳабиб дар нишасти матбуотӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button