ВарзишХабарҳои кӯтоҳ

Муин Ғафуровро муҷозот карданд

Размовари шинохтаи тоҷик Муин Ғафуровро, бар асари ташхиси мусбати допинг ба муҳлати шаш моҳ аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум карданд.

Натиҷаи санҷиши размикори 26-сола муайян кардааст, ки дар бадани ӯ маводи барои варзишкорон мамнуи канренон мавҷуд аст. Муин Ғафуров охирин қувваозмоии худро бо варзишгари канадагӣ Чад Анхелигер моҳи сентябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи Dana White’s Contender Series анҷом дод. Дар сурати пирӯзӣ дар ин рақобат Муин метавонист дар таърих ҳамчун аввалин размикор аз Тоҷикистон, ки бо UFC шартнома баст, сабт шавад, аммо бо қарори доварон ӯ мағлуб шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button