ВарзишТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ
Ифтитоҳи парванда алайҳи падари Комроншоҳ Устопириён

ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Дар як садамаи нақлиётӣ, ки шоми 10 декабр дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли Тоҷикистон рух додааст, як марди 50-сола ҷон бохтааст, иттилоъ додааст ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд.Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи мошини «КИА СПОРТЕҶ» Усто Устопиров пиёдагард марди 50-соларо, ки аз тарафи рост ба чап мегузашт пахш кард.
«Дар натиҷа пиёдагард аз захмҳои бардоштааш вафот мекунад»,- таъкид доштааст манбаъ.
Усто Устопириён, падари паҳлавони шинохтаи Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён дар робита ба ин ҳодиса ба «беэҳтиётӣ», гумонбар мешавад