ТОҶИКИСТОН

Иҷорадиҳии ҳуҷра барои амалҳои шаҳвонӣ ҷиноят аст!

Имрӯзҳо ба иҷора додани манзилҳои истиқоматӣ яке аз манбаҳои иловагии даромад аст, ки шахсони имконият дошта истифода мебаранд. Аммо дар хотир бояд дошт, ки чунин намуди дарёфти даромад набояд чаҳорчӯби қонунро шиканад. Дар доираи санҷиши ахбороти оперативӣ кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар маркази маъмурии вилоят шаҳри Хуҷанд ҳолати иҷорадиҳии ҳуҷраҳои истиқоматӣ барои амалҳои шаҳвониро ошкор намуданд, ки ҷинояти ахлоқӣ аст ва моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкил ва нигохдошти фоҳишахона, ё даллагӣ ҷавобгариро муқаррар кардааст.

Ҷавонзани 40 солаи сокини шаҳри Хуҷанд даҳ ҳуҷраро, воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд аз соҳибонаш ба иҷора гирифта, фаъолияти соҳибкориашро дар самти меҳмонхонадорӣ ба роҳ мондааст. Гуё чунин аст, аммо милитсия ошкор намуд, ки дар асл дар ин макон зери ниқоби меҳмонхона фохишахона ташкил шудааст.
Дар рафти санҷиши ҳуҷраҳои меҳмонхона кормандони милитсия дар 3 ҳуҷра ҷуфтҳои шаҳватпарастро берун оварданд, ки бо пардохти аз 100 то 150 сомонӣ соҳиби шароит гаштаанд.
Хизматрасонии соатбайъ ҳамчун услуби мойилсозанда аз ҷониби соҳибкор истифода шудааст. Яъне аз 100 то 150 сомонӣ маблағи пулӣ гирифта маъмурияти меҳмонхона иҷозат медод, ки афроди шаҳватпараст муваққатан аз ҳуҷраҳо истифода баранд.
Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button