МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Русия ба чор шаҳри Тоҷикистон парвозҳои нав роҳандозӣ кард

Ширкати ҳавопаймоии Nordwind аз Екатеринбург ба пойтахти Тоҷикистон ва чанд шаҳри дигар парвозҳои мустақим оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии русии Nordwind аз Екатеринбург ба шаҳрҳои Тоҷикистон парвозҳои мустақим боз кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург.Маълум аст, ки парвозҳои нав аз Фурудгоҳи байналмилалии Колтсово ба Душанбе ва ба се шаҳри дигари Тоҷикистон дар шимолу ҷануби ҷумҳурӣ сурат хоҳад гирифт.»Ширкати Nordwind Airlines ба шаҳри Бохтари Тоҷикистон парвозҳои мустақими доимӣ оғоз мекунад», — омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотии фурудгоҳ.Илова бар ин, аз Екатеринбург парвозҳои мустақими мусофирбарӣ ба Хуҷанд ва Кӯлоб низ кушода шудаанд.Тавре интизор мерафт, аз ҳамаи парвозҳои воридшаванда ба Тоҷикистон талаб карда мешавад, ки шаҳодатномаи санҷиши коронавирус бо натиҷаи манфӣ пешниҳод кунанд.Он бояд на дертар аз 72 соат пеш аз убури сарҳад анҷом дода шавад. Ба кӯдакони то се сола барои парвоз шаҳодатнома лозим нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button