Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Заҳролудшавии 35 нафар дар Суғд баъди истеъмоли гӯшт: Воҳидов вазъи беморонро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори идораи санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ҳодисаи заҳролудшавии сокинонро дар пайи истеъмоли гӯшти пӯхтаи мурғ (грил) шарҳ дод.Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта беш аз 35 нафар бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба беморхонаҳо муроҷиат карданд, ки миёнашон хурдсолон низ буаднд ва хушбахтона ягон талафот дар пайи надошт.Ҳоло аксари онҳо рухсат шуда барои чораҳои эҳтиётӣ тавсияҳо дода шудаанд ва танҳо чор нафарашон дар беморхона мондаанд, афзуд манбаъ.Ӯ гуфт, беморонро дар беморхонаи сироятии ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ кардаанд ва ҳоло вазъашон рӯ ба беҳбудӣ дорад.

«Ҳоло чор сокини шаҳри Хуҷанд ва сокинони ҷамоатҳои Ғозиёну Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо орезаҳои зиед ба беморхрна интиқол ёфтаанд, табобат мегиранд. Вазъи онҳо низ хуб аст ва пас аз анҷоми табобат рӯзҳои наздик рухсат мешаванд»,- гуфт Азаматхӯҷа Воҳидов.Ба гуфтаи раҳбари идораи санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, сокинон гӯшти пӯхтаи мурғро дар нуқтаи назди «Афғонбозор» — и Хуҷанд, ки ба соҳибкор Муҳсин Тоҷиев тааллуқ дорад, истеъмол кардаанд.Ҳодисаи заҳролудшавӣ дар пайи риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар ин нуқта сар зада, ҳоло нисбат ба соҳибкор санад тартиб дода шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button