Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Генерал Раҳимзода: Вазъ дар ВМКБ ором аст

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти 11-моҳаи мақомоти дохилӣ дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро баргузор намуд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Генерал Раҳимзода дар ҷаласаи мақомоти умури дохилии ВМКБ дар бораи ҳаводиси ахири Хоруғ ибрози назар кардааст.Ба иттилои ВУД, вазири умури дохилӣ изҳор дошт, ки бо талошу кушишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ имрӯз дар вилоят ба эътидол омада, мардум ба кору зиндагӣ машғул ҳастанд.Ӯ ҳамчунин аз рушди ВМКБ гуфта, таъкид намудааст, ки барои корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҳамасола корхона ва бинову иншооти гуногун сохта, мавриди истифода қарор мегиранд.»Аммо, роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир намудани ҷиноятҳо, аз қабили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо вазъияти ҷомеаро дар шаҳри Хоруғ ноором сохта, ба ин амалҳои ҷинояткоронаи худ ноболиғону ҷавононро ҷалб карда истодаанд», — иттилоъ дод ВУД аз қавли Раҳимзода.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button