Умумӣ

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК СОКИНИ ДУШАНБЕ БО 14 ҲАЗОР “ХЛОПУШКА”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 11 декабр хабар дод, кормандони милитсяи як ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир кардаанд. “Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 14 ҳазору 572 дона маводи тарфгарии пиротехникӣ дарёфт ва гирифта шуд”, — гуфта мешавад дар иттилоия. Ба ин ҷавон бар асоси моддаи 199, иловаи 1, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (муодили аз 12 ҳазор то 30 ҳазор сомонӣ) ваё аз як то 2 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.Дар Тоҷикистон воридот, хариду фурӯш ва истеҳсолу паҳн намудани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ, ё хлопушка) манъ карда шудааст. Танҳо дар ҳафтаи ҷорӣ ВКД Тоҷикистон дар бораи боздошти дастикам 45 нафар ва мусодираи ҳудуди 400 ҳазор “хлопушка” хабар дод. Аз ҷумла аз сокини Кӯлоб Самандар Даминов, соли таваллудаш 1995, мақомоти милитсия 232 ҳазору 200 дона маводи гуногуни тарфгарӣ мусодира кардаанд. Ҳамин тавр, Билол Фарҳодов, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Бӯстон ва донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат дар Душанбе бо 120 ҳазор дона “хлопушка” ба даст афтод. Ҳамчунин аз як ноболиғ дар шаҳри Бӯстон 24 ҳазор дона ва аз як ноболиғи дигар дар Турсунзода 3500 дона маводи тарфгарии навъҳои “хлопушка” ва “Трения” мусодира кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button