Фарҳанг

АБДУРОЗИҚ ДАР КЛИПИ НАВИ МОРГЕНШТЕРН ИШТИРОК КАРД (ВИДЕО)

Овозхон ва шоумени навраси тоҷик Абдурозиқ, ки баъди ба Дубай кӯчиданаш аз продюсери қаблиаш Барон (Беҳрӯзи Шариф) ҷудо шуд, дар клипи нави хонандаи машҳури рэпи Русия Моргенштерн бо номи “Домой” (“Ба хона”) иштирок кардааст. Баъди аз Русия рафтанаш ин нахустин клипи зодаи шаҳри Уфа Алишер Валеев аст, ки ҳамагӣ 23 сол дорад ва бо тахаллуси Моргенштерн ном баровардааст. Ин клип алакай дар 16 соати аввал дар канали расмии овозхон дар Ютуб қариб 3 миллион тамошобин ҷамъ овард. Ёдовар мешавем, рӯзи 23 ноябр Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, Моргенштернро ба паҳн кардани маводи мухаддир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ айбдор кард ва Моргенштерн ҳамроҳи ҳамсари ҷавонаш Дилоро, ки тоза дар поёни моҳи августи соли ҷорӣ издивоҷ карданд, тарки Русия кард ва ба Дубай рафт.Абдурозиқ дар ин клип чанд дафъа зоҳир шуда, дар ҳавои таронаи Моргенштерн мерақсад.Моҳи ноябр Абдурозиқ аз продюсери аввалинаш Барон, ба қавле “канда” кард ва корро бо продюсерҳои дигар дар Дубай оғоз кард. Барон аввал Абдурозиқро ба “хиёнат ба бародарони тоҷикаш” айбдор кард, Абдурозиқ дар ҷавоб Баронро айбдор кард, ки пули ӯро пурра намедод. Вақте ки ин ҷанҷол тоза авҷ мегирифт, Барон аз ҳама хост, ки ба ин моҷаро нуқта гузоранд ва шогирди собиқи ӯро дигар мазаммат накунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button