Хабарҳо

“Мард набояд аз дӯзандагӣ шарм кунад”. Умарҷон аз баландошёнае афтида аз роҳравӣ бозмонд ва чевар шуд

Умарҷон Гадоеви 42-сола беш аз 10 сол мешавад, ки бо ҳамроҳии ҳамсараш чеварӣ мекунад ва аз ҳамин ҳисоб рӯзгори хонаводаашро таъмин мекунад. Ӯ замони муҳоҷириаш дар Русия  аз ошёнаи 9 – уми бино навсохт афтода, аз роҳ гаштан мемонад.

Муаллифи Амонҷон Муҳиддинов бо Умарҷон ҳамсуҳбат шуда, саргузашти пурмоҷарои ин қаҳрамонро рӯйи сафҳа овард.

Умарҷон дар мактаби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муаллимӣ карда, базӯр зиндагиашро пеш мебурд. Дар баробари вазнинии зиндагӣ модараш низ бемор буду, барои табобати ӯ зуд-зуд пул лозим мешуд, ки маоши муаллимиаш инро бардошт намекард. Аз ин рӯ, кор дар мактбаро канор гузошта бо рафиқонаш ба Русия рафт.

Аз ошёнаи нуҳуми бино ба ошёнаи сеюм афтидам

“Дар аввал бо чиниҳо кор мекардем, помидору бодиринг, қаламфуру лубиё ва тарбузу харбуза кишт карда, дар бозорҳо мефурӯхтем. Маошамон миёна буд. Бачаҳои зиёд аз деҳаамон дар сохтмонҳо кор мекарданд. Маро даъват карданд, ки ҳамроҳашон кор кунам, зеро маоши хуб мегирифтанд”, – ба хотир меорад, Умарҷон.

Дар аввал Умарҷон розӣ нашуд, вале дид, ки маошаш танҳо барои табобату хӯрду хӯроки хонаводааш ва хароҷотҳои худаш расидагӣ мекунад, розӣ шуд. Ба назди ҳамдеҳагонаш рафту дар яке аз сохтмонҳои Оренбург ба кор даромад. Мутаассифона Умарҷон намедонист, ки ӯро ин ҷо чӣ фалокате интизор аст. Кори ӯ дар ин сохтмон дер давом накард.

“Аз ошёнаи нуҳуми бино ба ошёнаи сеюм афтидам, чизеро дуруст дар хотир надорам. Вақте ба ҳуш омадам, алакай дар беморхона будам”, – нақл мекунад, Умарҷон.

Пас аз талошҳои зиёд, духтурон натавонистанд роҳгардии ӯро барқарор кунанд, чунки сутунмуҳраи Умарҷон осеби ҷиддӣ дидааст. Пас аз табобатҳои бенатиҷа Умарҷон ба ватан бармегардад.

Ягона мард дар миёни 60 духтар

Умарҷон Гадоев хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аст. Ӯро пас аз бозгашташ боз ба мактаб даъват мекунанд, аммо пас аз маъюб шудани пойҳояш ӯ нахост, ки ба мактаб баргардад.

Акнун барои Умарҷон шуғле лозим буд, ки ҳам худро андармон кунад ва ҳам барои пешбурди зиндагӣ даромад пайдо намояд. Ӯ бо дастгирии Ҷамъияти маъюбон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба омӯзиши тарроҳӣ оғоз кард.

Дар миёни 60 нафар духтар Умарҷон ягона мард буд, ки ҳунари тарроҳиро меомӯхт. Ҳамроҳонаш мегуфтанд, ки дӯзандагӣ кори мардҳо нест. Ба ӯ мегуфтанд, ки аслан занҳо барои худ назди чевар матоъ мебаранд, ӯ ки мард аст эҳтимол дорад, ки натавонад муштарӣ пайдо намояд. Аммо Умарҷон ба ин суханҳо аҳамият намедод ва боварӣ дошт, ки мувафақ мешавад.

“Дар омӯзишгоҳ чандин намуди ҳунарҳоро меомӯзониданд, вале ман, ки модарам дӯзанда буданду аз ин кор каме огаҳӣ доштам, тарроҳиро интихоб кардам. Ҳамчунин зиёд роҳ рафта наметавонам ва кори дӯзандагиро, ки дар ҷой метавон иҷро кард, бароям мувофиқ аст”, – мегӯяд, Умарҷон.

Омӯзиши дӯзандагӣ ва дарёфти арӯсшаванда

Омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ роҳи бахти Умарҷон Гадоевро  низ боз кард. Дар аввал духтарони гурӯҳ бо вай гап намезанданд, вале баъдан диданд, ки ӯ як ҷавони ботамкину дилсоф аст, унс гирифтанд. Умарҷон бо шӯхиҳояш духтаронро мафтун мекард. Ҳамин буд, ки ӯ бахти худро аз ҳамин гурӯҳи духтарон дарёфт.

“Бо духтаре, ки алъон ҳамсарам аст шухиҳои зиёд мекардем, баъзан баъди дарсҳо ҳамроҳ қадам мезадем. Дигар духтарҳо мегуфтанд, ки бо ҳам мувофиқ ҳастед. Дар аввал бо шухӣ изҳори муҳаббат кардам, ӯ низ қабул кард. Сипас фикр кардам, ки маҳз ҳамин аст ҳамсари ояндаи ман ва таклифи издивоҷ кардам.

Ваъда додам, ки шароити хуби дӯзандагиро дар хона фароҳам меорам ва ҳамроҳ кор карда зиндагиро пеш мебарем ва ҳамин тавр ҳам шуд”, – ба ёд меорад, Умарҷон.

“Мард бояд аз дуздӣ ва талабандагӣ шарм кунад”

Умарҷон баъди хатми курси омӯзишӣ чаҳор сол дар ду сехи дӯзандагии маркази ноҳия ба духти куртаҳои занона ва кӯтоҳ кардани шимҳои мардона машғул буд. Занҳо либосҳои мизоҷонро қабул ва андоза мекарданд, Умарҷон медӯхт.

Ӯ ба зиндагӣ дилгарму хушбахт буд ва корашро аз сидқи дил анҷом медод.

“Рӯзе куртаи як фармоишгарро дӯхта истода будам, остинашро ба ҳамкорам додам, ки дар дасташ андоза кунад. Куртаи ҳамкорам ба матоъи медӯхтаам монанд буд. Вақти андоза кардан бо сӯзан дар китфаш маҳкам намуду бо ҳам суҳбаткунон куртаро дӯхтан гирифтам.

Баъди омода шудани курта мебинам, ки як остинаш нест. Тамоми дӯконро мекобем пайдо намешавад. Бо ҳамкорам барои ёфтани матоъ ба бозор меравем. Асли воқеаро ба фурӯшанда мефаҳмонем. Фурӯшанда механдаду мегӯяд, ки охир чизи гумкардаатон дар дасти ин духтар аст ку. Рӯзамон ҳаминтавр бо шӯхиву воқеаҳои хандаовар мегузарад”, – нақл мекунад, Умарҷон.

Умарҷон тамоман ба ақидаи дигарон аҳмият намедиҳад, ӯ мегӯяд, ки вақте дасти солиму чашми бино дорӣ, набояд тан ба заифӣ бидиҳӣ. Барояш аҳамият надорад, ки касби “занона” – ро гирифтааст, муҳим меҳнат мекунад ва луқмаи ҳалол мехӯрад. “Мард бояд аз дӯздӣ ва талабандагӣ шарм кунад”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Кори якҷояи зану шавҳар

Умарҷон Гадоев дар чандин чорабиниҳои ноҳиявӣ ва вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби мошинаҳои хуби дарздӯзӣ гардидааст. Ҳоло дар хонааш шароити корро фароҳам оварда,  ҳамроҳи ҳамсараш духтарони деҳаро омӯзиш медиҳад.

“Ману ҳамсарам барои духтарҳо куртаҳои чакан, попурӣ, гулдӯзӣ ва барои мардҳо костюм ва ҷома низ медӯзем. Мардуми деҳаи худамон ва аз дигар деҳаҳову ҷамоатҳо матоъҳои худро ба мо меоранд. Куртаҳои арӯсонро низ медӯзем. Ҳаракат мекунем, Худованд рисқамонро медиҳад. Боз духтарони деҳаамонро низ дӯзандагӣ меомӯзонем”,- нақл мекунад, чевар.

Бо дастгирии чанде аз ҳамсоягон Умарҷон дар даромадгоҳи ҳавлияш ҳуҷраи калону барҳаво сохтааст, ки 10 адад мошинаро дар онҷо ҷой дода, бо ҳамсар ва шогирдонаш корашонро пеш мебаранд. Ба гуфтаи онҳо нархи курта дар ҳар минтақа фарқ мекунад. Онҳо як куртаи занонаро бидуни ороишот 30 сомонӣ медӯзанд.

Тарбияи зиёда аз 100 шогирд

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кори онҳоро равнақ бахшида, мизоҷонашон  нисбати солҳои гузашта, афзудааст. Зеро талабот ба куртаҳои миллӣ, аз ҷумла чакану попурӣ зиёд шудааст.

“Куртаҳои чаканро бо даст медӯзем, вақт ва заҳмати зиёдро талаб мекунад. Як куртаи чакан то 500 сомонӣ арзиш дорад. Куртаи попурӣ низ вобаста ба нақшу нигор ва ороишоташ нархгузорӣ мешавад”, – мегӯяд, чевар.

Умарҷон Гадоев дар баробари ҳамсоягону ҳамдеҳагонаш ба духтарони дорои маъюбият низ дӯзандагӣ меомӯзонад.. То инҷониб беш аз 100 шогирд таёр кардааст, ки онҳо соҳиби кори худ ҳастанд.

Ҳуҷрае, ки феълан онҳо дар он кори дӯзандагияшонро пеш мебаранд, хурд аст. Талабгорони омӯзиши ҳунари тарроҳӣ зиёд аст, аммо наметавонанд ҳамаи онҳоро ба омӯзиш фаро гиранд.  Орзу дорад, ки рӯзе нафари хайрхоҳ пайдо шаваду дар васеъ кардани ҳуҷраи корӣ ва таъмини мошинаҳои наву замонавӣ кӯмакаш намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button