Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Путин сабаби болоравии нархҳо дар ҷаҳонро гуфт

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Болоравии нархҳо тамоюли ҷаҳонӣ дорад ва он аз сиёсати нарми буҷавии як қатор кишварҳо ба вуҷуд омадааст, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти роҷеъ ба масъалаҳои иқтисодӣ, менависад РИА Новости.Ӯ қайд кард, ки дар Русия барои мубориза бо таваррум ба зиёд кардани маҳсулот ва хизматрасонй бояд таваҷҷуҳи зиёд равона шавад.

«Ман қаблан гуфта будам, ки болоравии нархҳо хусусияти ҷаҳонӣ дорад, мо инро ҳам хуб медонем. Сабабҳои аслии он сиёсати ниҳоят нарми буҷавии як қатор кишварҳои хориҷӣ, иқтисодҳои пешрафта аст», — гуфт Путин.«Бо дарназардошти ин, зарур аст, ки механизмҳои муассири муқовимат ба таваррум ҷорӣ карда шавад. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба афзоиши пешниҳоди коло ва хидматрасонӣ дар бозори дохилӣ таваҷҷӯҳ кунед. Ин пеш аз ҳама ба маҳсулоти ғизоӣ дахл дорад», — афзуд ӯ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button