ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа
«Мерседес»-и бегонаро аз пеши ҳавлияш фурӯхтааст: таҳқиқи қаллобӣ дар Душанбе

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ба идораи пулис дар ноҳияи Сино марди 40-сола, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат карда, аз қаллобии сокини 42-солаи пойтахт шикоят намудаст.Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки 27-уми октябр марди 42-сола ба бовариаш даромада, мошини «Мерседес-Бенс»-и як нафари дигарро ба ӯ бо нархи 47,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтаст.Манбаъ таъкид кард, ки ин мошин дар ҳавлии нафари муттаҳам қарор доштааст, аммо молики аслии он нафари дигар будааст.