ТОҶИКИСТОН

Аз рафти озмун: кӯча аз партову автомашинаҳои вайрона тоза карда шуд!

Дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», яке аз иштирокчиён бо ирсоли 3 адад расм аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати масъулини Маркази таъмири автомобилӣ воқеъ дар кӯчаи А.Қаҳҳоров, 12-ум гузаргоҳ чораи қонунӣ андешида шавад. Чунки масъулини марказ дар кӯчаи мазкур корҳои таъмирӣ, рангу бор, иваз намудани равған, пайваст намудани оҳан (сварка)-ро анҷом дода, ба оромии шаҳрвандон халал расонида, бар замми ин кӯчаро бо мошинҳои вайронаву ифлос ва пур аз партов нигоҳ медоранд.
   Зимни баррасии муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт ба шаҳрванд Ҳамдамов Ҳусейн Самадович санаи таваллудаш 05.08.1983, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Қаҳҳоров тааллуқ дошта, дақиқ гардид, ки номбурда бе Иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба фаъолият таъмиргарӣ машғул гардидааст.    Дар натиҷа нисбати шаҳрванд Ҳамдамов Ҳусейн тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе Иҷозатнома машғул шудан ба фаъолияти таъмиргарӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суд ирсол гардид. Илова бар ин фаъолияти нуқтаи мазкур то ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ гардидан, манъ карда шуд.
   Ҳамзамон, зимни баррасии муроҷиат далелҳои дигар аз қабили партову автомашинаҳои фарсуда ва қисмҳои эҳтиётии солҳои дароз хобида аз кӯча пурра бартараф карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button