ТОҶИКИСТОН

ХУДО ХАЙРАТ ДИҲАД! ЯК СОҲИБКОР ДАР ҲАМАДОНӢ БАРОИ ХИДМАТ ДАР МАРОСИМИ ДАФН ДУ МОШИН ХАРИДААСТ

Журналист Ибодулло Оқилов дар саҳифааш дар Фейсбук акси микроавтобусеро нашр кардааст, ки як соҳибкор аз ноҳияи Ҳамадонӣ барои хидмати ройгон дар маросими дафн дар ихтиёри мардуми ин ноҳия қарор додааст. “Ройгон хизматрасонии маросими дафн. Тел: 001 01 33 82” – навишта шудааст дар ин микроавтобуси тамғаи “Мерседес”. Бино ба иттилои Ибодулло Оқилов, ду микроавтобуси ин соҳибкори ҷавонмард дар рӯзҳои маросими дафн ба таври ройгон ба мардуми ноҳияи Ҳамадонӣ хидмат мекунанд. Исми ин ҷавонмарди дастбахайр гуфта нашудааст. Ворис Хайдаров, як корбари Фейсбук ӯро бо эҳтиром “Ҳоҷӣ” ном бурда, навиштааст, ки ӯ як “Мерседес Спринтер”и дигар ба беморхонаи марказии ноҳия ба шуъбаи “Ёрии таъҷилӣ” ба таври ройгон ҳадя кардааст. Ин хабари амали хайри ҷавонмарди соҳибкор аз ноҳияи Ҳамадониро даҳҳо нафар писандидаанд ва онро дар саҳифаҳои дигар бознашр кардаанд. Ва даҳҳо нафар дар майдони шарҳи зери ин хабар ба амали хайри ӯ аҳсану офарин хонда ва ба падару модаре, чунки фарзанди баоруномус тарбия кардаанд, ташаккур гуфтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button