Ҷомеа

25 НАФАР УСТОДИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД

Ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода аз ҳисоби хобгоҳҳои маҳаллаи Гипрозем 25 нафар омӯзгоронро соҳиби хона менамояд. Ин хонаҳо дуҳуҷрагӣ буда, дастовезу кӯмаки хубе барои онҳое мешавад, ки солҳои зиёд дар хонаҳои иҷора зиндагӣ менамоянд. Акнун аз ҳар як факултет як нафар устод аз ранҷи бехонагӣ озод мегардад. Нақшаи дигаре, ки ректор амалӣ кардан мехоҳад, ин дар маҳаллаи Лучоб бунёди бинои комплексии истиқоматӣ барои 140 нафар омӯзгор аст. Ба наздикӣ барои аспирантҳову унвонҷӯён низ шароити таъмини хобгоҳ беҳтар мешавад. Зеро хобгоҳи 12 ошёна барои духтарон дар маҳаллаи Лучоб пурра мавриди истифода қарор мегираду чанд хобгоҳҳои дигар холӣ мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button