ТОҶИКИСТОН

ҲАЛОКАТИ ДУ КӮДАК ДАР ДУ САДАМА ДАР ПАНҶАКЕНТ ВА МӮЪМИНОБОД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 1 декабр дар ду садама дар Панҷакент ва Мӯъминобод ду кӯдак бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд. Нимаи дуюми рӯзи 1 декабр дар Панҷакент як духтари нӯҳсола зери чарзи мошини “Жигули” монда, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст. Соати якуними шаби 1 декабр дар Мӯъминобод бар асари ба ҳам бархӯрдани ду “Опел Астра” як духтарчаи дусола ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона ҷон бохтааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон даҳҳо кӯдак ҷон медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button