ТОҶИКИСТОН

Ҷазои ронандаи дағалрафтор: ронандаи хатсайри №8 ҷаримабандӣ карда шуд

Як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо нашри муроҷиат дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук аз мақомоти дахлдор хоҳиш намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи «Автобус» рақамҳои қайди давлатиаш 8221ТТ05, ки дар хатсайри №8 фаъолияти мусофиркашонӣ дорад чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Ба иттилои муроҷиаткунанда, ронандаи автобус хилофи талаботҳои хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ амал намуда, бар замми ба таври нақдӣ гирифтани маблағи роҳкиро ҳамзамон саросемавор дари автомашинаро пӯшидааст, ки боиси озори ҷисмонии фарзанди ноболиғи муроҷиаткунанда гардидааст. Инчунин ронандаи автомашинаи мазкур нисбати зани муроҷиаткунанда хилофи маданияти ронандагӣ бо садои баланд дағалрафторӣ намуда, оромии дигар мусофиронро халалдор ва рафтори зиддиҳуқуқӣ содир намудааст.
  Муроҷиати мазкур боиси вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, дар зимн аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудаанд, ки нисбати ин ронандаи дағалрафтор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ ронандаи хатсайри зикргардида муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастра карда шуд.


  Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Ғаффоров Акмал Убайдуллоевич санаи таваллудаш 05.12.1994, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Маяковский, ронандаи ККВД «Авбобус-1» мебошад. Зимни пурсиши шоҳидон ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур гуноҳи содирнамудаи ронанда тасдиқи худро ёфт.
  Вобаста ба ин нисбати Ғаффоров Акмал тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button