Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳабси ронандаи мусофирбар дар Душанбе барои зер кардани мард дар роҳи пиёдагузар

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз садамаи маргбор бо иштироки мошини мусофирбар хабар дод

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ронандаи мусофирбари сабукрав дар роҳи пиёдагузар марди 56-соларо зер намудааст.Ба иттилои мақомоти умури дохилии Душанбе, садама баъди зуҳри 29-уми ноябр рух дод.Таъкид шудаст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аксент», сокини 26-солаи шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ ба самти кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт пиёдагардро зер кардааст.Мақомот мегӯянд, ронанда бо сабаби баланд будани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, марди 56-соларо, ки тавассути роҳи пиёдагузар аз қисмати рости роҳ ба тарафи чап мегузашт, зер намудаст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button