ТОҶИКИСТОН

Баррасии муроҷиат: ҷаримабандии ронандаи дағалгуфтор ронадагони муҳтарам худро ҳурмат кунед…

  Як нафар ҷавонзан, истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоии интерентӣ бо ирсоли навор аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуд, то нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ» рақамҳои қайди давлатиаш 0202 US 01 чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда ронандаи автомашинаи мазкур нисбати ӯ дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафашро паст задааст.
  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи авомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ» рақамҳои қайди давлатиаш 0202 US 01 шаҳрванд Назаров Исмоил Шамсулоевич санаи таваллудаш 07.01.1988, сокини ш. Душанбе мебошад. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда дар ҳақиқат санаи 21-ноябр ҳангоми дар кӯчаи А.Дониши ноҳияи Шоҳмансур қарор доштан нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда дағалона рафтор кардааст.
  Вобаста ба ин нисбати шаҳрванд Назаров Исмоил тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 420 сомонӣ таъин намуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button