СиёсатТОҶИКИСТОН

ТАҲЛИЛИ ДАҚИҚ ВА ВОҚЕИИ ВАЗЪИ БААМАЛОМАДА ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУҲИСТОНИ БАДАХШОН

ДАР АСОСИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ, ҚОНУНҲОИ АМАЛКУНАНДА, ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ АХЛОҚӢ, МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ ВА ВАТАНДОРӢ

25-уми ноябри соли 2021 аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти ВМКБ дар ҳудуди вилоят амалиёти махсуси дастгиркунии аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ҷинояткори махсусан хавфнок Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, санаи таваллудаш 01.06.1992, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ва ҳаммаслакони ӯ гузаронида шуд.

Зиёбеков Г.З. ва ҳамдастонаш аз 16 апрели соли 2020 бо моддаҳои 181 қисми 3 (Ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189 қисми 3 (Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи ҷиноятии мазкур 1 феврали соли 2020 ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат ӯро мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслакони ҷиноятиаш, ки дар хонаи истиқоматии номбурда қарор доштанд, ба талаботи қонунии кормандони мақомоти амният итоат накарданд ва муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ҷониби онҳо аз таппончаи тамғаи «Макаров»-и ғайриқонунӣ дар ихтиёр доштааш оташ мекушояд, ки дар натиҷа ду корманди амният ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардоранд.

Ҳамчун чораи истисноӣ, кормандони мақомоти амният дар асоси муқаррароти моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, ба хотири зада гардонидани ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии корманди мақомоти амнияти миллӣ таҳдид мекард, дар доираи ваколатҳои худ  аз силоҳи хизматӣ истифода намуданд. Аввал ба ҳаво тири огоҳкунанда ва баъдан ҷониби онҳо тир мекушоянд. Дар натиҷа, Зиёбеков Г.З. безарар гардонида шуда, ҳаммаслакони ӯ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор Зиёбеков Г.З., таппончаи тамғаи «Макаров» бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуда, ҳаммаслакони ӯ Ғуломшоев Тайғуншо ва Мирзоев Розиқ бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуданд.

Вобаста ба тафтиши ҳолати безараргардонии Зиёбеков Г.З., 25-уми ноябри соли 2021 прокурори шаҳри Хоруғ Рауфзода Носир ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар якҷоягӣ бо 2 нафар кормандони прокуратура дар худуди Беморхонаи вилоятӣ аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ беасос мавриди лату кӯби шадид қарор дода шуда, ба онҳо ҷарроҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида мешавад.

Роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ҳудуди ВМКБ бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ ҳолати мазкурро тобиши ҷамъиятӣ дода, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки роҳбари яке аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ Мамадбоқиров М.К., маъруф бо лақаби “Боқир”, 14 ноябри соли 2021 аз ҳиссиёти авбошӣ ба корманди милитсия ҳангоми адои хизмат бо истифода аз табар ҷароҳати ҷисмонӣ расонида буд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати “Боқир” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти он идома дорад. “Боқир”, Шанбиев Мунаввар ва дигар саркардагони гурӯҳҳои муташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мондан, мардумро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват карда, онҳоро бо нӯшокии спиртӣ ва воситаҳои нашъадор таъмин карда истодаанд, то ки ҷамъомадагон дар ҳолати мадҳушӣ ва таҳти идораи худ қарор диҳанд.

Аксарияти шаҳрвандон, ки барои иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудаанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд.

Тибқи оморҳо тахминан аз 600 то 700 нафар ҷавонони шаҳри Хоруғ  расман ҳамчун нашъаманд ва майзада ба қайд гирифта шудаанд,  лекин дар асл теъдоди онҳо бештар аз 2000 нафар мебошад.

Ҷинояткори дигари хавфнок Аловатшоев Амриддин, ки бо ҷурми таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ дар ҷустуҷӯ буда, дар ҳудуди Россия қарор дорад, дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва гирдиҳамоӣ ташкил намуда, бо таҳрифи ҳодисаҳо мехоҳад ҳамдастони ҷинояткорашро бегуноҳу мавриди таъқиб нишон диҳад.

Инчунин роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом”, “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи-24” дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенҷерӣ аз тазоҳуроти шаҳри Хоруғ истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват карда истодааст.

Саркардаҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва эътирозгарон аз ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, сардори ШВКД шаҳри Хоруғро, ки бе яроқ буд, бо истифода аз корд захмӣ намуданд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Илова бар ин, якчанд нафар кормандони милитсия ва амният ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ оид ба таъмини амнияти сокинони шаҳр мавриди лату кӯби шадид қарор дода шуда, ба саломатии онҳо низ зарари вазнини ҷисмонӣ расонида шудааст.

Инчунин, 25.11.2021 сол, соати 14:00 дақиқа аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамла оварда, хизматчиёни ҳарбиро лату кӯб намуда, аз онҳо силоҳҳои хизматиро тасарруф кардаанд. Ҳамчунин шишаҳои тирезаҳои биноро бо санг зада мешикананд.

Шаби 25 ба 26-ноябри соли ҷорӣ як гуруҳи шахсони номаълум ба Отряди сарҳадии шаҳри Хоруғ якчанд маротиба талоши ҳамла намуданро анҷом доданд, вале дар натиҷаи чораҳои андешидаи хизматчиёни ҳарбӣ гурӯҳи мазкур пароканда ва аз назди иншооти ҳарбӣ дур карда шуд.

27 ноябри соли 2021, соати 14-00 дақиқа бо мақсади ба эътидол овардани вазъият раиси ВМКБ Мирзонабот А.Х., вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз ва чанд нафар кормандони ҳокимияти маҳаллӣ ба назди тазоҳуротчиён ба майдон баромада, ба онҳо асли воқеа ва ҳодисаро фаҳмонида дода, ба саволҳои онҳо ҷавоб доданд. Мардуми сарбаланд ва шарафманди бадахшонӣ пас аз гӯш кардани Мирзонабот А.Х. ва дигар намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ қонеъ шуда, майдонро тарк мекунанд.

Аз ин ҳолат саркардагон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ба хашм омада, бо мақсади давом додани амалҳои ғайриқонунии худ нисбат ба раиси вилоят ва дигар намояндагони ҳокимияти давлатӣ зӯрии ҷисмонӣ истифода карданд ва онҳоро сангборон намуданд. Дар натиҷа Мирзонабот А.Х., вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз ва ду нафар хизматчии давлатӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Ҳамзамон, як воситаи нақлиёти давлатӣ сангборон ва корношоям гардонида шуд.

Бинобар ин, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади зада гардонидани ҳамла ба намояндаи ҳокимияти давлатӣ ба ҳаво тири огоҳкунанда кушода шуд.

Дар натиҷаи амалҳои авбошона ва тахрибкоронаи аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони гумроҳшудаи вилоят 25-27 ноябри соли ҷорӣ даҳҳо дарахтони канори роҳи мошингард бурида ва роҳи автомобилгарди байналмилалии “Душанбе-Хоруғ-Қулма”, ки ягона роҳи воридоти молу маҳсулот ба маркази вилоят мебошад, баста шуд.

Дар маҷмӯъ, ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимомии ВМКБ зиёда аз 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зарарӣ моддӣ расонида шуда, раванди муътадили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят халал ёфт.

Вобаста ба ҳодисаҳои рухдода аз тарафи прокуратураи вилоят нисбат ба аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии онҳо идома дорад.

Аз ин рӯ, саркардагон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташккили ҷиноятӣ дар ҳаросанд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба онҳо чораҳои бетаъхири қонунӣ меандешанд ва барои ҳамин намегузоранд, ки мардум ба хонаҳояшон раванд.

Тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ашхоси ихтиёран ба тафтишот ҳозиршуда сабукии ҷазо пешбинӣ гардидааст. Дар ҳолати ихтиёран ба тафтишот ҳозир нашудан, нисбат ба шахсони гунаҳгор чораҳои қатъӣ  андешида мешаванд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсатмадорон, сокинони фаъол ва аҳли зиё, аз ҷумла, академик Илолов Маҳмадшо, профессор Ҷамшедов Парвона ва дигар афроди маъуруфу шинохта амалҳои  ғайриқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро қотеъона маҳкум намуда, ба хотири пойдории қонуният ва риояи тартибот дар вилоят аз кулли шахсони дар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ иштироккунанда даъват доранд, ки фирефтаи доираи одамони манфиатҷуи ин гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ нагарданд.

Дар чашми ягон инсони хирадманд, бо ақлу бо фаросат, ҳуқуқдон, равшанфикр пӯшида нест, ки дар кӯтоҳтарин фурсат чи ҳодисаҳои ғайриқонунӣ ва қонуншиканиҳо дар қаламрави Бадахшон иттифоқ афтодааст. Вақт аз он, ки аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ гаравгонгирӣ, таҷовузи бешармона, нафратандозӣ дар муқобили мақомоти давлатӣ, даъвати мардум ба эътирозҳои ғайриқонунӣ, таҳқири арзишҳои инсонӣ, хушунат ва шиканҷаи Раиси Вилоят ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, чи гуна мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат метавонад хомуш ва бетараф бошад?!

Қазоват кунед ҳамватанони азиз, хусусан мардуми огоҳу хештаншиноси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ, ки ҳодисаҳои ба амаломада на ба манфиати аҳолии осоиштаи Бадахшон ва на ба манфиати кулли Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Аз эътирозгарони ғайриқонунӣ ва ҷудоиандозон даъват менамоем, ки дар шинохти асли қазия таваҷҷуҳ намуда, аз хушунат, тазоҳурот, ҳамлаи ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ ба биноҳои мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот худдорӣ намоянд, зеро пайравӣ аз дасисаҳои бегонагон, душманон ва нотавонбинони миллат амри нобахшиданӣ аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button