ТОҶИКИСТОН

Рузе худро мешинохтам номаш НУРАЛИ буд.

Абр омаду боз бар сари сабза гирист,Бе бодаи арғувон намебояд зист.

Ин сабза, ки имруз тамошогаҳи мост,То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист.

Хаём

Рузе худро мешинохтам номаш НУРАЛИ буд.Новобаста аз райс будан ҳама ба ӯ НУРАЛИ садо мекарданд.Чунки ҷавон буд.Раиси ҷавон новобаста аз райсияш хоксор ва ҳамеша дар бари халқаш буд.Дар давраҳои Иттиҳодияи шӯравии новобаста дар Ховалинг ҳамаги як канал шабакаи аввали Руси мегирифт.Мардум дар қишлоқ ҷойҳо аз шабакаи Тоҷики маҳрум буданд. Ва иҷозат ҳам фикр мекунам набуд.Бояд мурда мурда як шабакаи русиро тамошо мекардед.Ҳеҷ аз ёдам намеравад барномаи Бӯстон 3 буд мардум ҳама хонаҳоро партофта он шаб ба ноҳия тамошо рафтанд.Баъди ин акай Нурали НОМУС карду талош кард станция сохт ва мардум соҳиби шабакаи Тоҷики шуданд. Дар мактаби миёнаи,ки мехондем ба ёдам ҳаст се бочкай оби 50 литра буд. Ҳангоми танаффус навбати об нушият намерасид. Бо ташаббуси ӯ ба ин мактабе,ки имруз соҳиби 5 генералу аз коргари одди то вазиру аз одами одди то олиму шоиру санъакорон баромад оби нушоки кашид.Беморхонае калоне барои мардум сохт..Ҳамаи ин дар давраҳои мактабхон мо буд ва ӯ ИДЕАЛИ мо буд.Баъди хатми мактаб ҳам,ки мо донишҷуҳои давраҳои гушнаги будем ДАСТАРХОНи кушодаи у намегузошт гушнагиро эҳсос кунем ҳамон ХОНАИ АКАЙ НУРАЛИ бароямон буд.Баъди Иттиҳоди Шурави у ба ин МИЛЛАТ хизмати содиқонаи худро карда буд ва унвони ГЕНЕРАЛИРО ҳам ҳалол карда буд.Ва хизматҳои содиқонаи у ба ин МИЛЛАТ дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд ва Иншоаллоҳ баътар хоҳам навишт.Дигар бо чашмони пур аз об натавонистам ҳамаи хизмаитҳояшро ба ин сарзамин нависам ва нависем ҳам як китоб зиёд хоҳад шуд. .Аллоҳ раҳматаш кунад Акаи Нурали,Генерали номдор овозадор,шери нари МИЛЛАТ беҳтарин ва ИЕДАЛИ тамоми мардуми Хатлон замин.. ДУСТУТАТ МЕДОШТЕМ ва дар дилу дидай ҳар яко яки мо боқи хоҳи монд. Дидорҳо дар қиёмат. .

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button