Хабарҳо

ДАРГУЗАШТИ ГЕНЕРАЛ НУРАЛӢ ШЕРАЛИЕВ, САРДОРИ СОБИҚИ БДА ВА МУОВИНИ САНГАК САФАРОВ

Генерал-майор Нуралӣ Шералиев, ки дар вақташ муовини Сангак Сафаров ва сардори штаби Фронти халқӣ, яке аз ҷонибҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва солҳои тӯлонӣ сардори раёсати БДА ВКД Тоҷикистон буд, шаби 27 ноябр дар синни 70 аз олам чашм пӯшид. Яке аз наздикони генерал ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” хабар дод, ки вазъи саломатии Нуралӣ Шералиев бегоҳи 27 ноябр бад шуд ва фишори хунаш якбора боло рафт. “Генералро аҳли хонавода зуд аз манзилаш дар ҷамоати “Россия” ба бемористони “Истиқлол” бурданд, вале мутаассифона, ба бемористон норасида ҷон дод”, — гуфт ҳамсуҳбати “Бомдоди”.Ҷанозаи генералро барои дафн ба зодгоҳаш, ноҳияи Ховалинг фиристодаанд. Наздиконаш хабар доданд, ки намози ҷаноза рӯзи 28 ноябр, соати 13 дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг баргузор мешавад.Нуралӣ Шералиев 23 апрели соли 1951 дар Ховалинг ба дунё омада, риштаи механикаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои зиёде дар муассисаи “Селхозтехника” –и ноҳияи Ховалинг ба ҳайси муҳандис, сармуҳандис ва сардори ин муассиса кор карда, соли 1991 ба мақоми муовини раиси ноҳияи Ховалинг расид. Нуралӣ Шералиев моҳи сентябри соли 1992 ба саффи Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон расид ва аз ҷониби Сангак Сафаров муовини раҳбар ва сардори ситоди Фронти халқӣ таъйин шуд. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ, Нуралӣ Шералиев моҳи апрели соли 1993 муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд. Соли 1995 Нуралӣ Шералиев сардори раёсати БДА ВКД Тоҷикистон таъйин шуд ва 10 сол раҳбарии ин ниҳодро ба уҳда дошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button