ТОҶИКИСТОН

АБСИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ТАҲҚИРУ ОЗОРИ МОДАР

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Нозимов Тоҳир Содиқович, санаи таваллудаш 01. 01. 2001, сокини маҳаллаи Теппаҳои Шарқии шаҳри Душанберо бар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, ин ҷавон барои таҳқиру озори модараш ҷазо дода шуд.Аз бадрафтории Тоҳир Нозимов ба мақомоти милитсия модари худаш шикоят кардааст. Баъди боздошти ӯ, “зимни пурсиш ва пешбурди корҳои санҷишӣ муайян кардаанд, ки ин ҷавон чанд муддат боз бо модари худ муноқиша намуда, бо суханони дағалу амалу рафтори ноҷои худ боиси озори модар шуда, ҳамзамон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.”Мақомоти милитсия мегӯянд, ин сокини Теппаҳои шарқиро бо мақсади ба роҳи рост ҳидоят намудани ӯ ба ҷавобгарӣ кашондаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button