Хабарҳо

Суди олӣ гунаҳкори таҷовузи духтараки 12-сола дар Ҳисорро ба 12 соли зиндон маҳкум кард

Суди олии Тоҷикистон гунаҳкори таҷовузи духтараки 12-сола дар Ҳисорро, ки дар натиҷа таваллуд карда буд, ба 12 соли зиндон маҳкум кард, хабар доданд ба наздикони ҷабрдида.

Қаблан, Ҳусниддин Абдуллоеви 42 соларо додгоҳи шаҳри Ҳисор дар қазияи мазкур гунаҳкор дониста ба 5 соли зиндон маҳкум намуда, баъдан худи ҳамон замон тибқи қонуни авф аз толори суд озод намуда буд. Ин ҳукм дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдеро баланд карда буд. Баъдан, адвокати ҷабрдида аз Додгоҳи олӣ хоста буд, ки ҳукмро бори дигар баррасӣ кунад.

Пас аз баррасии такрорӣ, “Додгоҳи олӣ рӯзи 10-уми ноябр Ҳусниддин Абдуллоевро гунаҳкор дониста, тибқи моддаи 138 қисми 3 банди “а” (таҷовузи духтари то 14 сола) гунаҳкор донист ва ӯро ба 12-соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард”, – гуфт манбаи мо.

Муҳокима пушти дарҳои баста сурат гирифтааст ва то ҳол маркази матбуотии Додгоҳи олӣ аз анҷоми парванда ва ҳукм гирифтани гунаҳкор хабаре нашр накардааст.

12 январи соли ҷорӣ Суди олии Тоҷикистон қарори Суди шаҳри Ҳисорро бекор намуда, парвандаро барои баррасии такрорӣ ба прокуратура равон карда буд. оиди парвандаи таҷовузи духтараки 12 сола бекор кард, хабар дод ба Your.tj як манбаи наздик ба оилаи ҷабрдида.

Ёдовар мешавем, ки суди шаҳри Ҳисор 9 декабри соли 2020, нисбати Ҳусниддин Адуллоеви 42-сола, ки дар таҷовузи духтари 12-солаи холааш гунаҳгор дониста мешуд, ҳукм содир намуд. Мурофиаи судӣ паси дарҳои баста сурат гирифт. Дар натиҷа додгоҳ Ҳусниддин Абдуллоевро тибқи моддаи 141 б.1  КҶ ҶТ ба 5 соли зиндон маҳкум намуда, баъдан худи ҳамон замон тибқи қонуни авф аз толори суд озод карда буд.

Пас аз ҳукми содир намудаи Суди шаҳри Ҳисор, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое зиёде оиди  ноадолатии ҳукми додгоҳ  пайдо шуд, ки онро додраси додгоҳи Ҳисор Саидаҳмад Усмонзода содир намуда буд.

Журналисти  он замон барои муайян кардани асли воқеа ба шаҳри Ҳисор ба хонаи духтараки ҷабрдида рафта буд.

Ин ҳодиса соли 2019 пас аз оне, ки модари духтар аз ҳомила буданаш огоҳ мешавад, расонаӣ шуд. Фарзанди таввалуд намудаи духтарак алакай 7 моҳа буда, айни ҳол ба онҳо ташкилотҳои ҷамъиятӣ кӯмак мерасонанд.

Ба гуфтаи волидони духтар пас аз муроҷиатҳои бе натиҷа ба мақомотҳои дахлдор, онҳо маҷбур мешаванд, ки ба расонаҳо муроҷиат кунанд. Модари духтар гуфта буд, агар ҷинояткор, ки ҷиянаш мешавад, духтарро ба занӣ мегирифт, онҳо ба суд муроҷиат намекарданд. Аммо, тарафи гунаҳкор духтаракро бероҳа гуфта, хости онҳоро қабул накарданд.

Муфассали қазияи мазкурро дар бахши русии сомонаи мо мутолиа намоед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button