Видео

“Қаҳрамонон”-и мардумозор (Видео)

Боиси таассуф аст, ки сокинони шаҳри Хоруғ пойбанди гурӯҳҳои ҷиноятӣ гаштаанд. Гурӯҳҳои ҷинояткор ҳам ба ин одат кардаанд, ки дар ҳолати ноомадашон мардум аз инҳо ҳимоят мекунанд. Имрӯз дар маркази вилояти Бадахшон, шаҳри Хоруғ мардум, ки асосан ҷавонон ҳастанд, аз барои як ҷинояткор ҷамъ омада, алайҳи макомот зургӯӣ доранд. Ё ба ибораи дигар аз барои кайк шуда, пустин месӯзанд. Дар хабарҳои расмии Прокуратураи ВМКБ омадааст, ки зимни боздошти сокини ноҳияи Роштқалъа  Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, ки муддати зиёда аз як сол боз таҳти ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштааст, охирин муқобилият нишон дода, бо истифода аз силоҳи оташфишони ҷангии “Макаров” чанд тан аз кормандони ҳифзи ҳуқуқро захмӣ мекунад. Аммо дар оташи ҷавобӣ ӯ ба ҳалокат мерасад. Албатта, ин ҳодисаи нохӯш аст, аммо ба ин аввал худи Гулбиддин ва баъдан афроди наздик ба ӯ гунаҳкоранд. Чунин ҳодиса бояд рӯх намедод. Баъдан аз хабарҳо бар меояд, ки номбурда аз соли 2020 инҷониб дар ҷустуҷӯ қарор доштааст. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро то имрӯз сар карда аз раисони маҳалҳо, ҷамоат ва ноҳия барои сари вақт ҳозир кардани ӯ чораандешӣ накардаанд. Шояд корҳои фаҳмондадиҳӣ таъсир мекард ва ӯ то ин муддат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир мешуд. Акнун дигар дер шудааст. Инро бубинед, ки мардуми бечора, барои як ҷинояткор сарсону саргардон ҳастанд. Аз як ҷинояткор қаҳрамонтарошӣ кардан чӣ суд? Ҳоло ҳам дер нашудааст, мардум бояд аз ақли расо кор бигиранд. Бар асоси қонун амал намоянд. Солҳои 90-уми асри гузашта, аз барои чанд нафар бо ном демократу динпараст, Тоҷикистон ҷони беш аз 100 ҳазор шаҳрванди худро аз даст додааст. Ин солҳо барои мо дарси ибрат то абад бояд бошад.     

 Ҳоло мо шоҳиди онем, ки қаҳарамонони мардумозор дар шаҳри Хоруғ, сокинони шаҳри Хоруғро бозичаи дасти худ кардаанд. Аз ҷониби дигар душманони миллати тоҷик ба оташи нимсӯхта пайи ҳам пуф-пуф доранд, то ин ки оташи ҷанг дар шаҳри Хоруғ аланга бигирад ва худ тамошобин бимонанд.

Самандар Ҳакимов    

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button