Хабарҳои кӯтоҳ

Яке аз калонтарин корхонаи пахтатозакунӣ дар шимоли Тоҷикистон ба коми оташ рафтааст (Видео).

Яке аз калонтарин корхонаи пахтатозакунӣ дар шимоли Тоҷикистон ба коми оташ рафтааст. Ба қавли шоҳидон, сухтор дар корхонаи «Музаффар-Ко»-и ноҳияи Мастчоҳи нав тақрибан соати 3-и шаби гузашта сар зада, бо гузашти 9 соат алангаи сухтор ҳануз хомуш нашудааст. Сабабҳои сар задани оташсузӣ ҳануз маълум нест.Ба қавли манобеъ, ин корхона ба соҳибкори маҳаллӣ Салим Мирзоев тааллуқ доштааст. Як масъул дар ҳукумати маҳаллӣ, ки дар ҷойи ҳодиса қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаҷми пахтаи ба коми оташрафта дар ҶДММ «Музаффар-Ко» беш аз 1000 тонна будааст.Як манбаъ аз идораи Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, «ҳудуди 20 нақлиёти оташнишониро ба ҷойи ҳодиса сафарбар кардаем. Ҳудуди сӯхтор тахминан 400 метри мураббаъ аст

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button