Хабарҳо

Маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ хабар медиҳад (Видео)

Ҷинояткор дер ё зуд бояд ба сазои аъмолаш мерасид!

Он чӣ дар Хоруғ — маркази вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷараён дорад, ҷуз бетартибӣ ва итоат накардан ба қонуну тартибот чизи дигаре нест. Як нигоҳи воқеъбинона ва мунсифона ба ин қазия ҳақиқати масъаларо ошкор месозад. Барои он ки дар баҳогузории ин вазъият ба саҳву хато роҳ надиҳем, моро лозим меояд, то назари решаӣ ва бунёдӣ ба масъала дошта бошем. Сабабҳо ва омилҳои сар задани онро дурусту дақиқ муайян намоем. Дар воқеъ оё сабаб чист, ки мардуми Хоруғ даст ба тазоҳурот задаанд? Оё ин амали аз қабл тарҳрезишудаи доираи ҷинояткор ва ба истилоҳ «лидерони ғайрирасмӣ» — и ин шаҳр аст ва ё дасти ноаёни кадом қувваи манфури дигаре ин ҷо эҳсос карда мешавад. Оё месазад барои як ҷинояткор ва касе, ки дар гаравгон гирифтан ва шиканҷаю латукӯби намояндаи ҳокимият даст дорад,ин ҳама хараҷу мараҷро ба вуҷуд овард?! Оё таъмини қонуният ва ба сазои аъмол расонидани ҷинояткоре магар тавтеа бояд баҳогузорӣ гардад? Таъмини волоияти қонун ва таъмини бехатарии тартиботи ҷамъиятӣ магар вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва ниҳодҳои дахлдори он нест?! Магар давлат ва мақомоти дахлдори он набояд садди роҳи ҷинояту ҷинояткорӣ гарданд? Ба ҳамаи ин суолоти вобаста ба давлат ва мақомоти дахлдори он ҷавоб мусбат аст. Давлат бояд тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии шаҳрвандонро таъмин намояд. Ҷинояткорро новобаста аз кӣ буданаш ба сазои аъмолаш расонад. Пеш аз ҳама волоияти қонун ва татбиқи меъёрҳои ҳуқуқиро таъмин намояд. Ин ҳама вазифаҳои аввалиндараҷа ва асосии давлатанд.
Дар Хоруғ — маркази вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон давлат ва мақомоти дахлдори он маҳз ҳамин рисолати воқеии худро анҷом дода истодаанд. Ҳадафи давлат ва ниҳодҳои қудратӣ таъмини Амният ва волоияти қонун буда, мақсади асосӣ аз орому осуда зистани сокинони ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон иборат асту халос. Агар инро сокинони Хоруғ ва гирду атрофи он дуруст дарк намоянд, ҳеҷ гуна гирдиҳамоӣ ва тазоҳуроте лозим нест. Ин нафаре, ки аз ӯ Гулбиддин Зиёбеков ном бурда мешавад ва дар воқеъ сабаби аслии тазоҳурот марги ӯст, муовини додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати ҳашт соат мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор додааст. Оё чунин амали зишту ғайриқонунӣ нуқтаи олии беэҳтиромӣ ба давлат ва қонун нест?! Чӣ гуна дар як кишвари тинҷу ором намояндаи ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби чанд авбошу роҳзане дастгир гардида, муддати 8 — соат мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор мегирад ва ҳар навъе шахсияташ таҳқир мегардад?! Магар ин кори нобахшиданӣ нест?!
Агар мардуми Хоруғ ва атрофи он аз як ҷинояткор ва дар симои он аз як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки тӯли чанд соли охир дар Хоруғ созмондиҳӣ шудааст, ҷонибдорӣ намоянд ва ба ин васила амнияти худу пайвандонашонро зери хатар гузоранду ба даъвати душманони миллати тоҷик «лаббайк» гӯянд, авзо аз ин ҳам бадтару харобтар мегардад. Пас, мардуми шарифи Бадахшонро мебояд, ки ба ҷойи тарафдорӣ аз беқонунӣ дар паҳлӯи мақомоти дахлдори давлатӣ бошанд ва дар аз байн бурдани омилони беамниятӣ ва нобуд сохтани ҳама гуна ҷинояткорию қонуннописандӣ саҳми арзандаи худро гузоранд, то минбаъд орому осуда зиндагӣ намоянд.

Эшонҷонова Фарангис

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button