Хабарҳо

БАДХОҲИ КАСОН, ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД (Видео)!!!!

Ҳодисаи имрӯз ба вуқӯъ омада дар ВМКБ сахт нороҳатам кард. Барои як нафар ҷиноятпеша-Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа гурӯҳи одамон издиҳом кардаанд, ки дур аз фарҳанги волои маънавӣ мебошад.Аслан чунин шахси ҷиноятпеша бояд саривақт ҷазо мегирифт, чунки рафтори ваҳшиёна нисбат ба хизматичии мақомоти қудратиро тамоми принсипҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ шадидан маҳкум кардаанд.Бубинед чӣ гуна як нафари дар ҷустуҷӯ қарордошта бо худ тапонча мегардонад ва дар ҳоли аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ дастгир шудан ба ҷониби хизматиёни ҳарбӣ оташ кушод. Тасаввурнопазир!Аҷаб нест, ки ин шахс аъзои гурӯҳи ҷиноие буд ва бо дастгирии ҳаммаслаконаш соҳиби яроқ шуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуд. Яъне кореро анҷом додааст, ки ба он танҳо як террористӣ таҷрибаандӯхта ва корозмӯда ба он қодир аст.Мардуми Бадахшон набояд аз чунин афроди ҷиноятпеша, ки ҳадафи вайрон кардани сохти конститутсиониро доранд, ҷонибдорӣ намоянд.Як бор ба шароити зиндагии имрӯза назар карда хулоса баровардан лозим аст, ки мо кадом рӯзҳоро пушти сар карда, пояҳои Истиқлоли давлатиро мустаҳкам намудем. Худи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз баракати оромӣ чӣ қадар пешрафта шуданд. Аз ин хотир бояд шукр гуфт, вагарна ношукрӣ мешавад ва ин амалҳо оқибатҳои басо нигаронкунанда доранд.Гулбиддин сирф ҷиноят содир кардааст, ӯ барои зиддият нишон доданаш ба кормандони мақомоти қудратӣ захмӣ шуда, ба ҳалокат расидааст. На ин, ки дар вақти иҷрои саҳнае дар филм. Ҳадафи ӯ ноором кардани  ҷомеа ва сарнагун кардани сохти кунунии сиёсӣ дар мамлакат буд. Хушбахтона ба аҳдофи нопоки худ нарасид. Ин сухан ҳикмат дорад, ки:Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд…Зиракии сиёсиро бояд дар меҳвари шуур ҷой кард ва набояд аз эҳсосот корро рӯйи даст гирифт! Юсуф Ғанизода, рӯзноманигор

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button