МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Эҳтиёт кунед ба доми миёнаравҳо наафтед

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш кардааст, ки барои қонунигардонии ҳузури худ дар Русия роҳҳои қонуниро интихоб кунанду ба доми миёнравҳо наафтанд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ворид гардидан ба Русия барои бақайдгирии ҷойи зисти муваққатӣ ба доми миёнаравҳо гирифтор нашуда, ҳамроҳ бо соҳибхона барои ба расмиятдарории будубоши муваққатӣ ба шуъбаи кор бо масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Русия (собиқ ФМС) дар наздиктарини ҷойи зисти худ муроҷиат намоянд.Манбаъ қайд кардааст, ки вақтҳои охир вобаста ба бақайдгирии муваққатии будубоши муҳоҷиратӣ дар қаламрави Русия аз ҷониби миёнаравҳо муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба намояндагӣ зиёд ворид гаштааст.“Аз ин лиҳоз, маълум менамоем, ки бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил, корҳои илмӣ, сайёҳат, тиҷорат ва дигар масъалаҳои корӣ ба муддати тулонӣ ба Русия ворид гардидаанд ва барои муваққатан зистан дар қаламрави ин кишвар хонаи иҷора ва ё дар хонаи хешу ақрабҳо муваққатан зиндагӣ доранд бояд дар ҳамон хона муваққатан худро ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд”, — илова кардааст манбаъ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button